Оғози фаъолияти Маркази технологияҳои молиявии Русия дар Душанбе



Маркази технологияҳои молиявӣ – гурӯҳи ширкатҳои инноватсионии машғули кор дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ барои бахши молия ба фаъолияти худ дар Тоҷикистон оғоз намуд.

Тавре аз ин дафтари кории ин марказ хабар доданд, ин сеюмин марказ дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, ду маркази дигар дар шаҳрҳои Алмаато (Қазоқистон) ва Кишинёв (Молдова) фаъолият доранд.

Ба иттилои манбаъ, марказ дар Тоҷикистон ба рушди маҳсулоти муосири автоматикунонии бонкӣ, ҷорисозӣ ва истифодаи ҳарчи бештари IT-технологияҳои муосир дар бонкҳо машғул шуда, тарзу воситҳои фаъолияти марказ дар бонкҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Молдова муваффақона ба кор бурда мешаванд.

Ба гуфтаи Андрей Фомичев, муовини раиси раёсати марказ, Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки рушди Тоҷикистон, Агроинвестбонк, Бонки Эсхата, Конт Бонк, Фонон Бонк, Амонатбонк, ташкилоти хурди қарзии «Ҳумо» шарикони марказ дар Тоҷикистон мебошанд.

«Бозори молии Тоҷикистон дорои дурнамои хуб барои рушд аст ва вазифаи мо – ба ҳар кадоме аз шарикон таъмин кардани тарзи корбарии инфиродӣ ва натиҷаи хушсифати фаъолият аст», – иброз доштааст Фомичев.

Зимнан зикр гардид, ки баргузории чорабинии тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи дафтари кории Маркази технологияҳои молиявӣ дар Душанбе моҳи июни соли равон дар назар аст.

spot_imgspot_img

Популярное