Нозирони ИДМ ва СҲШ раъйпурсӣ дар Тоҷикистонро баргузоршуда эътироф намуданд

Роҳбари ҳайати нозирони мониторинги маъракаи раъйпурсӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Тоҷикистон Владимир Гаркун зимни нишасти хабарӣ ба журналистон изҳор намуд, ки раъйпурсӣ дар Тоҷикистон «озодона ва бидуни ягон қонуншиканӣ» баргузор шуд. «Аз ҳайати ИДМ дар Тоҷикистон 107 нафар ҳузур доштанд, ки аз 673 қитъаи овоздиҳӣ боздид карданд. Ҳамаи биноҳо бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин […]



Роҳбари ҳайати нозирони мониторинги маъракаи раъйпурсӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Тоҷикистон Владимир Гаркун зимни нишасти хабарӣ ба журналистон изҳор намуд, ки раъйпурсӣ дар Тоҷикистон «озодона ва бидуни ягон қонуншиканӣ» баргузор шуд.

«Аз ҳайати ИДМ дар Тоҷикистон 107 нафар ҳузур доштанд, ки аз 673 қитъаи овоздиҳӣ боздид карданд. Ҳамаи биноҳо бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин ва раъйдиҳӣ дар фазои орому корӣ доир гардид. Аҳолӣ фаъолона иштирок карда, барои овоздиҳӣ навбатҳои зиёд ба мушоҳида расид», – иброз дошт номбурда.

Ӯ ҳамчунин оид ба тариқи рӯйхатҳои иловагӣ овоз додани шаҳрвандон, ба хонаҳо бурдани қуттиҳои раъйдиҳӣ барои шахсоне, ки ба қитъа омада наметавонанд, дар фазои орому кушод ва иштироки фаъоли шаҳрвандон баргузор шудани раъйдиҳӣ, дастрасӣ доштан ба ба ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ин маърака ибрози назар кард.

Роҳбари ҳайати нозирон аз Созмони ҳамкории Шанхай Ван Кайвэн изҳор дошт, ки барои баргузории раъйпурсӣ дар Тоҷикистон тамои шароитҳои фароҳам буд. «Ҳайат вазифаҳои худро бо риояи усули воқеъияти сиёсӣ ва дахолат накардан ба ҷараёни овоздиҳӣ ба иҷро расонид», – гуфт номбурда.

Ӯ иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ин маърака, кори қитъаҳои овоздиҳӣ, ҳузури нозирон аз аҳзоби сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар қитъаҳоро қайд намуда, зикр кард, ки ба унвони ҳайати мазкур ҳеҷ шикоят ё аризае ворид нашудааст.

«Ҳайати нозирони СҲШ таъкид месозад, ки раъйпурсӣ мувофиқи қонуни конститутсионии Тоҷикистон ва талаботи уҳдадориҳои байнулмилалии Тоҷикистон доир гардида, ҳайат раъйпурсии баргузоршударо кушод, озодона ва қонунӣ эътироф мекунад. Дар рафти овоздиҳӣ вайрон шудани меъёрҳои қонунгузории миллӣ ба қайд гирифта нашуд», – афзуд намояндаи СҲШ.

Ёдрас мекунем, ки

мувофиқи маълумоти пешакии

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ба ҷонибдории ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия 3 млн. 477 ҳазору 183 нафар ва мухолифи он 134 ҳазору 171 нафар шаҳрвандони овоз додаанд, ки аз шумори умумии интихобкунандагон мутаносибан 94,5% ва 3,3%-ро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.