Чораи ВКД нисбати масъулони боздошти одамон баъди ҷашни «Ҳолӣ»

Баъди санҷиши хидматии Раёсати амнияти дохилии ВКД Тоҷикистон барои рафтори дағалона нисбат ба кӯдакон ва шахсони калонсол дар ҳодисаи боздошт баъди ҷашни «Ҳолӣ», нисбати 4 нафар кормандони милитсия чораҳои интизомӣ андешида шуда, 1 нафари онҳо аз вазифа озод ва 3 нафар танбеҳ ва танбеҳи қатъӣ гирифтанд. Дар маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита […]



Баъди санҷиши хидматии Раёсати амнияти дохилии ВКД Тоҷикистон барои рафтори дағалона нисбат ба кӯдакон ва шахсони калонсол дар ҳодисаи боздошт баъди ҷашни «Ҳолӣ», нисбати 4 нафар кормандони милитсия чораҳои интизомӣ андешида шуда, 1 нафари онҳо аз вазифа озод ва 3 нафар танбеҳ ва танбеҳи қатъӣ гирифтанд.

Дар маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита қайд мешавад, ки 15 майи соли 2016 ширкати «Дели – Дарбанд» дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти «Динамо»-и ВКД чорабинии Иди миллии мардуми Ҳиндустон «Ҳоли»-ро дар майдони Спитамен гузаронида, пеш аз анҷом додани ин маҳфил руйю мӯй ва либосҳои ҷавононро ранг карда, намуди зоҳирии онҳоро даҳшатангез намуданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки  кормандони милитсия, ки тартиботро назорат мекарданд, онҳоро огоҳ намуданд, ки бо чунин намуди зоҳирӣ дар кӯча ҳаракати оммавӣ накунанд.

«Лекин баъди анҷоми маросими «Ҳолӣ» теъдоди 40-50 нафараи наврасону ҷавонон бо сару рӯй ва либосҳои бетартибона рангкардашуда, дар ҳудуди театри «Лухтак», хиёбони Рӯдакӣ кӯчаи Бухоро ва гирду атрофи он ҳаракат карда, ба қисмати роҳи нақлиётгард баромада, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуданд. Чунин амалу рафтори ҷавонон боиси ноҷӯрӣ ва изтиробу ташвиши сокинон ва раҳгузарони шаҳри Душанбе гардид, – зикр мегардад дар маълумот. – Пас аз муроҷиати зиёди шаҳрвандон оиди гаштугузори ҷавонони шубҳанок 48-нафар аз ҷумла 31 нафар ноболиғ ва 17 нафар ҷавон боздошт ва ба шӯъбаи ВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ оварда шуда, баъди тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва сӯҳбат бо волидони дастрасшудагон, онҳо ҷавоб дода шуданд».

Гуфта мешавад, чораҷӯӣ ва амали кормандони милитсия тибқи талаботи қонун буда, пешгирӣ накардани чунин ҳолат метавонист боиси ноҷӯрӣ ва бетартибӣ гардад.

«Таҳкими суботу оромӣ, риояи талаботи қонун ва меъёрҳои ахлоқӣ асоси амнияту осоиштагӣ ва муҳити созгор дар ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ин замина кормандони мақомоти корҳои дохилӣ талошу кӯшиш зиёд ба харҷ медиҳанд», – таъкид мешавад дар маълумоти ВКД Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки гурӯҳе аз ҷавонон рӯзи 15 май баъд аз таҷлили ҷашни “Ҳолӣ” дар кӯчаҳо дастгир шуда ва баъди бозпурсӣ ҳамаашон озод гардидаанд. ВКД аз ҷавононе, ки ҳангоми боздошт дар ин ҷашни солонаи ҳиндуҳо аз ҷониби милисаҳо дашному таҳқир шунидаанд, дархост кард, ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Аввали ҳамин ҳафта

иттилоъ дода будем

, ки Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба тафтиши бархӯрди кормандони пулис бо ширкатдорони ҷашни “Ҳолӣ” дар Душанбе оғоз кардааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.