Эҳтимоли афзоиши сармояи оинномавии ҶСК «НБО Роғун»



Имрӯз, 27 май дар Маҷлиси навбатии умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун», ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад, саҳҳомон масъалаи афзоиши ҳаҷми сармояи оинномавии ҶСК «НБО Роғун»-ро баррасӣ мекунанд.

Аз ҶСК «НБО Роғун» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон ҳаҷми сармояи оинномавии Ҷамъият 14 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Ахиран ҳаҷми сармояи оинномавии ҶСК «НБО Роғун» моҳи майи соли гузашта дар маҷлиси навбатии саҳҳомони Ҷамъият зиёд шуда буд. То ин вақт. моҳи феврали соли 2014 зимни маҷлиси ғаййринавбатии умумии саҳҳомони Ҷамъият ҳаҷми сармояи оинноавӣ аз 6 млрд. то 12 млрд. сомонӣ зиёд шуда буд.

Дар маҷлис ҳамчунин масъалаҳои ворид намудани тағйироту илова ба Оинномаи ҶСК «НБО Роғун» низ баррасӣ шуда, ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар соли 2015, хулосаи аудитори ҶСК «НБО Роғун» барои солҳои 2014-2015 ва ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии ҶСК «НБО Роғун» дар соли 2015 низ шунида мешаванд.

Дар маҷлис ҳайати нави Шӯрои нозирон, Комиссияи тафтишотӣ ва Комиссияи ҳисоби Ҷамъият интихоб карда мешаванд. Дар фарҷоми маҷлис саҳҳомони Ҷамъият қарори баргузории санҷиш (аудит)-и Ҷамъият дар соли 2016 ва ҳаҷми маблағи пардохти хизматгузориҳои аудиторро тасдиқ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки маҷлиси умумии нахустини солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО «Роғун» 26-уми майи соли 2011 ва маҷлиси ахири саҳҳомони он 

22 майи соли гузашта

 баргузор гардид.

Айни замон ба ҳайати Шӯрои нозирони Ҷамъият 13 нафар шомил буда, онро нахуствазири ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекунад.

Моҳи январи соли 2010 дар Тоҷикистон маъракаи фурӯши саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НБО «Роғун» оғоз гардид. Ҳамагӣ ба маблағи 6 млрд. сомонӣ (наздики 1,37 млрд. $) саҳмияҳои арзишашон 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ нашр шуданд.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҶТ, то ба имрӯз маблағи умумии ба суратҳисоби «НБО Роғун» воридшуда аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои онҳо 830 млн. сомонӣ (188,5 млн. $)-ро ташкил медиҳад.

Шумори дорандагони саҳмияҳои номӣ бо арзиши 5000 сомонӣ ба 22 ҳазор нафар мерасад. Тибқи маълумоти пешакӣ, шумори дорандагони саҳмияҳои оддӣ ҳудуди 2 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Маъракаи фурӯши кушоди саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» баъди он оғоз гардид, ки Тоҷикистон барои маблағгузории идомаи сохтмони он сармоягузор пайдо накард. Маблағи умуми сармоягузорӣ барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳ – 2,2 млрд. доллари ИМА ва навбати аввали он – 590 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи Роғун аз соли 2009 чандин маротиба ба муҳлати дигар мавқуф гузошта шуд ва имрӯз ҳам маълум нест, ки он кай мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар сурати амалисозии лоиҳа, сарбанди нерӯгоҳи Роғун баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи «Роғун» – 3600 МВт ва истеҳсоли миёнаи солонаи нерӯи барқи он – 13,1 млрд. кВт/соатро ташкил хоҳад дод. 

spot_imgspot_img

Популярное