Интиқоди раиси парлумон аз фаъолияти ВКХ Тоҷикистон

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро дар мавриди омодаву таҳиясозии асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ мавриди интиқоди шадид қарор дод. Зимни суханронӣ дар иҷлосияи навбатӣ ӯ қайд кард, ки аз ҷониби идораи сиёсати хориҷии кишвар лоиҳаи қонун «Дар бораи шартномаҳои байнулмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «ғайриҳирфаӣ ва бо забони на ба ҳама кас […]



Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро дар мавриди омодаву таҳиясозии асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ мавриди интиқоди шадид қарор дод.

Зимни суханронӣ дар иҷлосияи навбатӣ ӯ қайд кард, ки аз ҷониби идораи сиёсати хориҷии кишвар лоиҳаи қонун «Дар бораи шартномаҳои байнулмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «ғайриҳирфаӣ ва бо забони на ба ҳама кас фаҳмо» таҳия шудааст.

Ба андешаи Ш.Зуҳуров, яқинан ин лоиҳаи қонун ғайрикасбӣ аз дигар забонҳои ҷаҳон ба забони тоҷикӣ тарҷума ва ё ба истилоҳ нусхабардорӣ шудааст.

Раиси палатаи поёнии парлумон иттилоъ дод, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби ваиклон пурра мавриди таҳрир қарор гирифтааст.

Ӯ аз муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Музаффар Ҳусейнзода, ки дар ҷаласа ҳузур дошт, дархост намуд, ки эродҳои ӯро ба раҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ расонанд ва пас аз ин вакилон лоиҳаи қонуни зикршударо дастгирӣ намуданд.

Ба гуфтаи Музаффар Ҳусейнзода, қонуни қабулшуда ба ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ нигаронида шуда, дар он тартиби омодакунӣ, баимзорасонӣ, амалисозӣ, иҷрои муваққатӣ ва мониторинг (пайгирӣ)-и созишномаҳои байнулмилалӣ, ки ба он Тоҷикистон ҳамроҳ мешавад, пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.