Ҳалокати 36 донишҷӯи тоҷик дар даргириҳои хориҷи кишвар

Ҳудуди 40 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ба сафи гурӯҳҳои террориства ифротгаро пайвастанд, дар ҷараёни амалиётҳои ҷангӣ дар кишварҳои дигар кушта шудаанд. «Аз рӯи маълумоти мақомоти дахлдор ҳоло садҳо нафар шаҳрвандони мо, ки қисми зиёдашон ҷавонон мебошанд, ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ шомил шуда, аз байни онҳо то имрӯз 300 нафар кушта шудаанд», – иттилоъ […]



Ҳудуди 40 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ба сафи гурӯҳҳои террориства ифротгаро пайвастанд, дар ҷараёни амалиётҳои ҷангӣ дар кишварҳои дигар кушта шудаанд.

«Аз рӯи маълумоти мақомоти дахлдор ҳоло садҳо нафар шаҳрвандони мо, ки қисми зиёдашон ҷавонон мебошанд, ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ шомил шуда, аз байни онҳо то имрӯз 300 нафар кушта шудаанд», – иттилоъ дод президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни

суханронӣ

дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди президенти ҶТ.

Сарвари давлат қайд кард, ки аз ин ҳисоб 36 нафарашон донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар мебошанд.

«Дар баробари ин, то ҳол 370 нафар донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълими динии давлатҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд, ба кишвар баргардонида нашудаанд», – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Аз ин рӯ ба Вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки барои рафъи камбудиҳои зикршуда тадбирҳои ҷиддӣ андешанд ва корро миёни наврасону ҷавонон, аз ҷумла ҷавонони деҳот пурзӯр гардонанд.

«Кам аҳаммият додан ба ин масъалаҳо боис шудааст, ки иддае аз ҷавонони сустирода ва аз ҷиҳати сиёсӣ ноустувор бо иллати бекорӣ ва бешуғлӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда, эътибору обрӯи кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст зада истодаанд», – гуфт президенти мамлакат.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.