Идомаи мусоидати Русия ба пешбурди фаъолияти АНМН

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ рӯзи 30 май вохӯрии директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо сафири Русия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов И.С. баргузор гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба идомаи иҷрои «Созишнома байни АНМН ва Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовариРусия оид ба расонидани кӯмак ба Агентӣ дар […]



Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ рӯзи 30 май вохӯрии директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо сафири Русия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов И.С. баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба идомаи иҷрои «Созишнома байни АНМН ва Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовариРусия оид ба расонидани кӯмак ба Агентӣ дар соҳаи назорати воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо» мавриди муҳокима қарор гирифт.

Гуфта мешавад, директори Агентӣ сафирро барои дастгирии доимӣ сипосгузорӣ намуда, ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ баҳои баланд дод.

Лякин-Фролов дар ҷавоб ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни сафорати Русия дар Тоҷикистон ва Агентӣ ишора карда, кӯшишҳои Агентиро дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мусбӣ арзёбӣ намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.