Оғози аксияи «Рушди ҳамкорӣ-2016»-и Бонки Эсхата

Бонки Эсхата бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба аксияи «Рушди ҳамкорӣ -2016» оғоз бахшид. Мизоҷони интиқоли пулӣ, ки аз низомҳои байналхалқӣ истифода мебаранд ва дар Аксия ширкат меварзанд, метавонанд имконияти хуб ба даст оварда, соҳиби яке аз се автомашинаи тамғаи Мерседес Бенс Е класс, мукофотҳои пулӣ аз 5000 то 10000 сомони гарданд. Иштирок дар […]

Иттилоияи расмӣ



Бонки Эсхата бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба аксияи «Рушди ҳамкорӣ -2016» оғоз бахшид.

Мизоҷони интиқоли пулӣ, ки аз низомҳои байналхалқӣ истифода мебаранд ва дар Аксия ширкат меварзанд, метавонанд имконияти хуб ба даст оварда, соҳиби яке аз се автомашинаи тамғаи Мерседес Бенс Е класс, мукофотҳои пулӣ аз 5000 то 10000 сомони гарданд.

Иштирок дар Аксия ройгон буда, се минтақаро фаро мегирад: ш. Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон.  

Аксияи «Рушди ҳамкорӣ – 2016» аз санаи 1 июни соли равон то 30 сентябр идома ёфта, дар охири ҳар моҳ натиҷабардорӣ карда мешавад. Тӯҳфаҳои асосӣ, яъне автомашинаҳои Мерседес моҳи октябр бурд шуда, соҳибони толеъбаланди худро дарёфт хоҳанд кард.

Инчунин барои иштирокчиёни фаъоли Аксия низ тӯҳфаҳои пулӣ пешбинӣ карда шудааст.

Соли сеюм аст, ки Бонки Эсхата барои мизоҷонаш имконияти бурди тӯҳфаҳои арзишнок ва пулиро пешкаш медорад. То ба имрӯз 6 нафар мизоҷони толеъбаланди Бонки Эсхата соҳиби автомашинаҳо ва 70 нафар соҳиби дигар тӯҳфаҳои арзишнок гаштанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?