Кормандони милитсия рӯзи 30 май ду нафар донишҷӯён – сокини 21-солаи шаҳри Ваҳдат ва сокини 19-солаи шаҳри Душанберо ба гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир намуданд.
Бино ба иттилои датари матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршудагон дар назди яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯдакӣ бо 4 нафар хонандагони синфҳои 10 ва 11-уми мактаби мазкур, синни 16, 17 ва 18-сола, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол карда, хонандагонро зери лату кӯб қарор додаанд.
Гуфта мешавад, сипас ҷавони 21-сола бо корди дасташ ба узвҳои бадани ноболиғон задааст, ки дар натиҷа ҳамаи онҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Далели шайъӣ – корд гирифта шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.





