КМИР натиҷаҳои ниҳоии раъйпурсӣ оид ба тағйирот дар Конститутсияро эълон кард

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии маъракаи Раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳуриро эълон кард. Дар изҳороти дар рӯзномаи «Ҷумҳурият интишоршудаи раиси КМИр Бахтиёр Худоёрзода дар ин робита зикр мегардад, ки дар маъракаи раъйпурсӣ 4 млн. 095 ҳазору 422 нафар шаҳрвандони кишвар иштирок карданд, […]



Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии маъракаи Раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳуриро эълон кард.

Дар изҳороти дар рӯзномаи «Ҷумҳурият интишоршудаи раиси КМИр Бахтиёр Худоёрзода дар ин робита зикр мегардад, ки дар маъракаи раъйпурсӣ 4 млн. 095 ҳазору 422 нафар шаҳрвандони кишвар иштирок карданд, ки аз 4 млн. 430 ҳазору 116 шаҳрвандони аз ҷониби КМИР бақайдгирифта ҷиҳати иштирок дар ин маърака 92%-ро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи раиси КМИР, аз ин шумор ба ҷонибдории ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия 3 млн. 834 ҳазору 862 нафар ва мухолифи он 134 ҳазору 877 нафар шаҳрвандони овоз додаанд, ки аз шумори умумии интихобкунандагон мутаносибан 94,5% ва 3,3%-ро ташкил медиҳад.

Ӯ қайд кардааст, ки барои баргузории раъйпурсӣ дар дохили кишвар 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3 ҳазору 239 ҳазор қитъаҳои интихоботӣ ва дар 29 кишвари ҷаҳон 36 қитъахои интихоботӣ барои раъйдиҳӣ таъсис дода шуда буданд.

Раиси КМР Тоҷикистон зикр кардааст, ки баъди ҳисобу китоби овозҳо 89 ҳазору 683 варақаҳои овоздиҳӣ (2,2%) беэътибор дониста шудаанд.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории раъйпурсӣ аз ҷониби шаҳрвандони дар ин маърака иштироккарда ва ҳамчунин нозирон ба КМИР ҳеҷ шикояте ва ё аризае пешниҳод нашудааст.

Ҳамин тариқ, изҳор доштааст раиси КМИР, раъйпурсӣ баргузоршуда эътироф гардида, ҳамаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсия қабул шуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".