Норозигии Иттиҳоди Аврупо аз ҳукм ба фаъолони ҲНИТ

Дар изҳороти котиби матбуотии Иттиҳоди Аврупо Майя Косянчич, ки дар сомонаи расмии Иттиҳод мунташир шудааст , қарори Суди олии Тоҷикистон нисбати раҳбарияти Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон мавриди интиқод қарор гирифтааст. Дар изҳорот қайд мешавад, ки ҷараёни мурофиаи судӣ ғайришаффоф буда, ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ҷиҳати дастрасӣ ба мурофиаи судии боадолат поймол шудааст. «Ин мухолифи уҳдадориҳои […]

ASIA-Plus



Дар изҳороти котиби матбуотии Иттиҳоди Аврупо Майя Косянчич, ки дар сомонаи расмии Иттиҳод


мунташир шудааст


, қарори Суди олии Тоҷикистон нисбати раҳбарияти Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Дар изҳорот қайд мешавад, ки ҷараёни мурофиаи судӣ ғайришаффоф буда, ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ҷиҳати дастрасӣ ба мурофиаи судии боадолат поймол шудааст.

«Ин мухолифи уҳдадориҳои Тоҷикистон назди қонунгузории байнулмилалӣ аст. Пешниҳоди далелҳои возеҳи айбдории маҳкумшудагон аз рӯи тамоми моддаҳои айбдоршавӣ зарур аст. Қарори Суди олӣ ҳамчунин ба ваҳдат дар ҷомеаи Тоҷикистон зиён оварда метавонад», – зикр мегардад дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо.

«Ҳатто дар сурати баргузор кардани амалиёти нерӯҳои амният, бояд ҳуқуқҳои бунёдии шаҳрвандони Тоҷикистон таъмин карда шаванд», – таъкид мешавад дар изҳорот.

Ёдрас мекунем, ки  Суди олии Тоҷикистон санаи 2 июн нисбати фаъолони боздоштшудаи ҲНИТ 

ҳукм содир намуда

, муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайитро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.