Боздиди Қоҳир Расулзода аз Қирғизистон

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои мустақил, ки пагоҳ, 7 июн дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек доир мегардад, ширкат меварзад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар пойтахти Қирғизистон Қоҳир Расулзода ба ҷуз иштирок дар кори ҷаласаи мазкур, ҳамчунин як қатор […]

ASIA-Plus



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои мустақил, ки пагоҳ, 7 июн дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек доир мегардад, ширкат меварзад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар пойтахти Қирғизистон Қоҳир Расулзода ба ҷуз иштирок дар кори ҷаласаи мазкур, ҳамчунин як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ анҷом медиҳад.

Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи Бишкек баррасии беш аз бист лоиҳаҳои аснод, ки ба тавсеъа ва густариши ҳамкориҳои кишварҳои Иттиҳод дар бахшҳои гуногун, асосан дар бахши иқтисод нигаронида шудаанд, дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио