Раиси пойтахт сабабҳои афзоиши муноқишаҳо миёни толибилмонро номбар кард

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 6 июн бо иштироки вакилони Маҷлисҳои шаҳру ноҳияҳо, раисони ноҳияҳои пойтахт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аҳзоби сиёсӣ ва аҳли ҷомеа машварат баргузор намуда, дар он бори навбатӣ масоили омодагии пойтахт ба ҷашни 25-солагии Рӯзи истиқлолияти давлатӣ баррасӣ шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 6 июн бо иштироки вакилони Маҷлисҳои шаҳру ноҳияҳо, раисони ноҳияҳои пойтахт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аҳзоби сиёсӣ ва аҳли ҷомеа машварат баргузор намуда, дар он бори навбатӣ масоили омодагии пойтахт ба ҷашни 25-солагии Рӯзи истиқлолияти давлатӣ баррасӣ шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, дар машварат ҳамчунин масъалаҳои омодагии шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистон низ баррасӣ шуда, ба мушкилоти омода кардани биноҳои истиқоматӣ ба қабули гармӣ ва оби гарм таваҷчуҳи хосса зоҳир гардид.

Дар робита ба мушкилоти марбут ба рафтори ҷавонон, бахусус хонандагони макотиби таҳсилоти умумии шаҳр дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳодисаҳои ташкили муноқишаву ҷанҷолҳои омавӣ дар мактабҳо, раиси пойтахт таъкид дошт, ки ин мушкилот бар асари хунукназарии нозирони минтақавии милитсия ва кормандони соҳаи маорифи шаҳр ба вуҷуд омадааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев қайд кардааст, ки дар сурати такрор шудани рафтори ношоистаи ҷавонон дар шаҳр, нисбати шахсони масъул ва волидони наврасон мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст