Эҳтимоли нақши Ҷалолиддини Румиро бозидани Леонардо Ди Каприо

Ҳунарманди Голливуд, дорандаи ҷоизаи маъруфтарини «Оскар» дар соҳаи кино Леонардо Ди Каприо метавонад дар нақши шоири сӯфӣ Ҷалолиддини Румӣ дар филм ҳунарнамоӣ кунад. Нашрияи The Guardian, дар ин робита менависад, аз рӯи ҳолнома (биография)-и шоир наворбардории филм ба нақша гирифта шуда, ба андешаи муаллифон, он бояд ба харобсозии андешаҳои қолабӣ дар бораи мусалмонон, ки имрӯз […]



Ҳунарманди Голливуд, дорандаи ҷоизаи маъруфтарини «Оскар» дар соҳаи кино Леонардо Ди Каприо метавонад дар нақши шоири сӯфӣ Ҷалолиддини Румӣ дар филм ҳунарнамоӣ кунад.

Нашрияи The Guardian, дар ин робита менависад, аз рӯи ҳолнома (биография)-и шоир наворбардории филм ба нақша гирифта шуда, ба андешаи муаллифон, он бояд ба харобсозии андешаҳои қолабӣ дар бораи мусалмонон, ки имрӯз дар кинематография ва матбуоти муосир роиҷ аст, кумак кунад.

Ба ақидаи сенариянависи филм Дэвид Франзони, тақдири Ҷалолиддини Румӣ дар аксар маврид ба тақдири Шекспир шабоҳат дорад. «Ин шоири мусалмон аз қобилияи фавқулода бархӯрдор буд», – қайд кардааст ӯ.

Гуфта мешавад, масъулони филмбардорӣ аллакай ба аёдати оромгоҳи шоир ба Истамбул рафта, бо муаррихон ва ҳолноманависони Ҷалолиддини Румӣ суҳбатҳо кардаанд. «Филм шавқангез ва шояд мушкил шавад. Аммо ин ҳам хуб аст, зеро эҷодиёти шоир дар ИМА хеле маъруфу писандида мебошад», – гуфтааст сенариянавис.

Қобили зикр аст, ки оғози наворбардории филм соли 2017 дар назар буда, ба сифати номзади асосӣ дар нақши шоир актёри маъруф Леонардо Ди Каприо  баррасӣ мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.