Даъвати ҳомиёни ҳуқуқ аз ИМА ва ИА ҷиҳати озодии аъзои ҲНИТ

– Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ, аз қабили Amnesty International, Human Rights Watch (HRW), Кумитаи Хелсинкии Норвегия (КХН) ва Ассотсиатсияи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» (AHRCA) рӯзи 7 июн бо пахши як изҳорот ҳукмҳои содиршуда нисбати 14 тан аз аъзои Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистонро маҳкум карданд, – иттилоъ медиҳад хабаргузории Фергана. Ёдрас мекунем, ки  […]

ASIA-Plus



– Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ, аз қабили Amnesty International, Human Rights Watch (HRW), Кумитаи Хелсинкии Норвегия (КХН) ва Ассотсиатсияи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» (AHRCA) рӯзи 7 июн бо пахши як изҳорот ҳукмҳои содиршуда нисбати 14 тан аз аъзои Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистонро маҳкум карданд, –


иттилоъ медиҳад


хабаргузории Фергана.

Ёдрас мекунем, ки  Суди олии Тоҷикистон санаи 2 июн нисбати фаъолони боздоштшудаи ҲНИТ 

ҳукм содир намуда

, муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайитро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Amnesty International дар изҳороти худ қайд мекунад, ки мурофиаи судӣ нисбати аъзои ҲНИТ ба меъёрҳои байнулмилалии баррасии боадолатонаи судӣ, ки Тоҷикистон онҳоро бояд риоя намояд, мутобиқат намекард, зеро судшавандагон амалан аз ҳимояи адвокатҳо  маҳрум шуда, дар мурофиаҳо ба иштироки намояндагони ВАО, созмонҳои байнулмилалӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ иҷозат дода нашуд.

Дар изҳороти муштараки  HRW, КХН ва AHRCA суд нисбати аъзои ҲНИТ беинсофона ва дорои ангезаи сиёсӣ унвон шудааст. «Суд нисбати мухолифони сиёсии осоишта амалҳои паҳншудаи ҳукумат нисбати низоми судӣ ва дағалона поймол гардидани ҳуқуқҳо ба озодии баёнро таҷассум месозад», – қайд мешавад дар изҳорот.

Ҳомиёни ҳуқуқ зикр мекунанд, ки чанде аз судшавандагон, аз ҷумла Маҳмадалии Ҳайит ва Зарафо Раҳмонӣ дар Тоҷикистон ва сатҳи байнулмилалӣ бо фаъолияти чандинсолаи осоиштаи худ оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодии баёну маҷлисҳо ва дин маъруфанд. Ба шаҳодати сарчашмаҳои наздик ба судшавандагон, чанде аз маҳкумшудагон дар ҷараёни ҳабси пешакӣ мавриди шиканҷа ва кирдори бераҳмона қарор гирифтаанд. Адвокате, ки дар ҷараёни тамоми мурофиаи судӣ ҳузур доштааст, ба ҳомиёни ҳуқуқ иброз доштааст, ки ҳукумат ба айбдории судшавандагон ҳеҷ як далел пешниҳод накардааст.

«Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва дигар субъектҳои калидии байнулмилалӣ бояд аз ҳукуматдорони тоҷик озод кардани маҳкумшудагонро талаб кунанд. Бозигарони байнулмилалӣ бояд ба ҳукумати Тоҷикистон фишор оваранд, то ки он уҳдадориҳои байнулмилалии худ оид ба риояи озодии баён, маҷлису динро риоя намояд ва бояд аз тадбирҳои муҷозотӣ истифода шавад, ба мисли қатъ кардани дороиҳо ва ҷорӣ намудани манъи раводид барои мансабдорони ҳукумати Тоҷикистон, ки ба аз озодӣ маҳрум шудани фаъолони осоишта, шиканҷа ва дигар амалҳои дағалона вайрон шудани ҳуқуқҳои инсон масъуланд», – таъкид месозанд муаллифони изҳорот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.