Суғд: Ҳалокати 2 бинокор бар асари ҳодисаи нохуш

Бар асари як ҳодисаи нохуш дар вилояти Суғд 5 нафар бинокорон осеб дида, ду нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акбар Шарипов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодиса нимаи авали рӯзи 7 июн дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Исфара рух додааст. Ба гуфтаи ӯ, […]



Бар асари як ҳодисаи нохуш дар вилояти Суғд 5 нафар бинокорон осеб дида, ду нафари онҳо ба ҳалокат расиданд.

Роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акбар Шарипов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодиса нимаи авали рӯзи 7 июн дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Исфара рух додааст.

Ба гуфтаи ӯ, 5 нафар бинокорон ҳамаашон сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будаанд. «Ҳангоми таъмири хонаи истиқоматӣ вақти ба ҷойи дигар кӯчонидани нардбони оҳанӣ, он ба хатти баландшиддати барқ расида, аз зарбаи шиддати барқ коргарони 50 ва 51-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки боз 3 нафар бинокорони осебдида дар бемористони марказии шаҳри Исфара бистарӣ шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.