Конфронси сафорати ИМА дар мавзӯи ҳамкории низомӣ-шаҳрвандӣ

Сафорати ИМА дар Душанбе дар мавзӯи ҳамкории низомӣ-шаҳрвандӣ ва бехатарии гурезаҳо конфронс баргузор намуд. Коршиносони соҳавӣ, ки аз ҷониби Маркази аврупоии омӯзиши масоили амниятӣ ба номи Ҷорҷ Маршал воқеъ дар Олмон ҳамоҳанг мегарданд, ба гузаронидани чорабинии мазкур мусоидат намуданд. Дар ин конфронс, ки дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии […]



Сафорати ИМА дар Душанбе дар мавзӯи ҳамкории низомӣ-шаҳрвандӣ ва бехатарии гурезаҳо конфронс баргузор намуд.

Коршиносони соҳавӣ, ки аз ҷониби Маркази аврупоии омӯзиши масоили амниятӣ ба номи Ҷорҷ Маршал воқеъ дар Олмон ҳамоҳанг мегарданд, ба гузаронидани чорабинии мазкур мусоидат намуданд. Дар ин конфронс, ки дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, намояндагони Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чандин сохторҳои байнидавлативу созмонҳои ғайридавлатии дар Тоҷикистон амалкунанда иштирок намуданд.

Бино ба иттилои намояндагии диплматии МА дар ҶТ, чорабинии мазкур мутахассисон оид ба ҳамкории низомӣ-шаҳрвандӣ, кӯмаки башардӯстона, вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, тадорукоти низомӣ, сиёсати муҳоҷирӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти ҷамъиятиро ба ҳам овард, то онҳо тавонанд таҷриба ва сиёсати ҷаҳонии вокуниш ба бӯҳрони гурезаҳоро таҳқиқ ва баррасӣ намоянд.

Дар ҷаласаҳои конфронс вазъи имрӯзаи гурезаҳо ва муҳоҷирон дар Тоҷикистон, ҳамчунин истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳон барои таъмини амнияти миллӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои гурезагони дохилӣ баррасӣ гардид.  Дар рафти конфронс коршиносони Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезагон (РКОСММГ), Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ), Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ), Созмони пулиси ҷиноии байналмилалӣ (Интерпол) ва дигар сохторҳои марбут баромад карданд. Ширкати чунин гурӯҳи мутахассисон аз соҳаҳои гуногун дар конфронс имкон фароҳам овард, то масоили матраҳшаванда аз нуқтаи назари ҳам сохторҳои амниятӣ, ҳам созмонҳои ба гурезагон ёрирасон ва ҳам гурезагони афғони муқими Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Конфронси мазкур ҷузъи нақшаи мулоқоти низомиён-бо-низомиёни ҳамасолаи Фармондеҳии марказии ИМА бо Тоҷикистон мебошад, ки мақсад аз он мусоидат ба баланд бардоштани зарфияти Тоҷикистон дар рафъи муносиби мушкилоти амниятии минтақа аст. Фармондеҳии марказии ИМА барои хадамоти амниятии Тоҷикистон мунтазам чунин тренингу семинарҳо ва табодули таҷриба мегузаронад. Сафорати ИМА дар ш. Душанбе дар тасмими худ оиди дастгирӣ намудани амнияти сарҳади Тоҷикистон ва иқтидори он барои ҳалли мушкилиҳои эҳтимолии гуманитарӣ содиқ хоҳад монд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.