Семинари миллӣ оид ба муқоисаи қонунгузории гумрукӣ бо Конвенсияи Киото

Дар шаҳри Душанбе семинари миллӣ оид ба муқоиса намудани қонунгузории амалкунандаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бандҳои Конвенсияи Киотои аз таҷдиди назар гузашта ба кор шурӯъ намуд, ки дар рафти он мутахассисони миллии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои назорати гумрукӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, батанзимдарории тарифӣ, таъмини ҳуқуқӣ ва идораи ҳавфҳо ширкат меварзанд. Семинар дар […]



Дар шаҳри Душанбе семинари миллӣ оид ба муқоиса намудани қонунгузории амалкунандаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бандҳои Конвенсияи Киотои аз таҷдиди назар гузашта ба кор шурӯъ намуд, ки дар рафти он мутахассисони миллии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои назорати гумрукӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, батанзимдарории тарифӣ, таъмини ҳуқуқӣ ва идораи ҳавфҳо ширкат меварзанд.


Семинар дар чорчӯбаи барномаи Иттиҳоди Аврупо “Мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ” (БОМКА) ташкил гардидааст.

Дар давоми чорабинии серӯза коршиносони даъватшуда аз Иттиҳоди Аврупо ҳамроҳи гумрукчиёни тоҷик меъёрҳои байналмиллалӣ ва принсипҳои назорати босамари гумрукиро мутобиқи Конвенсияи такмилгардидаи Киото ва хусусан масоили назорати гумрукиро дар нуқтаҳои убури сарҳад, барасмиятдарории моли содиротиву воридотӣ, ва пардохти боҷу андозҳои гумрукиро мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод. Дар натиҷаи семинари мазкур гузориш аз муқоисаи қонунгузорӣ бо тавсияҳо омода мегардад, ки мутобиқати қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо бандҳои Конвенсияи такмилгардидаи Киото шарҳ хоҳад дод.

Нахустин чорабиниҳои барномаи БОМКА дар Осиёи Марказӣ соли 2003 оғоз гардида то ба имрӯз шарикӣ байни барнома ва ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мусоидат ба идораи сарҳадот қавӣ гардидааст. Тӯли солҳои 2003-2014 Иттиҳоди Аврупо барои татбиқи барномаи БОМКА 33,6 млн. евро ҷудо намуда барои амалисозии марҳилаи 9-ум (2015-2018) наздики 5 млн. евро пешбинӣ шудааст. Ҳадафи асосии марҳилаи кунунии барномаи БОМКА ин баланд бардоштани самаранокии идоракунии сарҳад дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки тавассути ҷорӣ намудани унсурҳои пешрафтаи консепсияи Идоракунии ҳамаҷонибаи сарҳад, расонидани кӯмаки техникӣ ба мақомоти дахлдор дар рушд ва ислоҳоти сиёсати муҳоҷират, мусоидат ба амалишавии сиёсати осонгардонидани савдои қонунӣ, мукаммал намудани иқтидори хадамотҳои ҳифзи сарҳад ва муҳоҷират амалӣ хоҳад гашт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.