Муроҷиат ба ҳукумат тариқи ВАО мақоми расмӣ гирифт

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз лоиҳаи қонун «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро қабул намуд, ки қонуни ҳанӯз соли 1996 қабулшуда «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон»-ро иваз мекунад. Зимни шарҳи лоиҳаи қонун ба вакилон яке аз муаллифони он, вакил Мавлуда Қаландарзода қайд кард, ки дар муқоиса бо қонуни пешина, дар қонуни нав мафҳуми «шахси ҳуқуқӣ» […]



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз лоиҳаи қонун «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро қабул намуд, ки қонуни ҳанӯз соли 1996 қабулшуда «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон»-ро иваз мекунад.

Зимни шарҳи лоиҳаи қонун ба вакилон яке аз муаллифони он, вакил Мавлуда Қаландарзода қайд кард, ки дар муқоиса бо қонуни пешина, дар қонуни нав мафҳуми «шахси ҳуқуқӣ» ворид шудааст, ки ба корхонаву ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон барои қабули муроҷиат, изҳорот ва дархост ба ҳамаи мақомоти ҳокимият имкон фароҳам месозад.

Ғайр аз ин, муроҷиати шаҳрвандон ба ҳукумат тариқи ВАО, почтаи электронӣ ва телефон мақоми расмӣ гирифтанд, яъне ҳукуматдорон ӯхдадор мешаванд, ки ба онҳо дар муҳлати дар қонун муқарраршуда посух диҳанд.

Ба гуфтаи муовини прокурори генералии ҷумҳурӣ Валӣ Ваҳҳобов, ки дар иҷлосия суханронӣ кард, сол то сол аризаву шикоят ва муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти ҳукумат тамоили афзоиш доранд.

Ба андешаи раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров, «агар қонун бечуну чаро иҷро шавад», он дар болоравии эътимоди мардум ба ҳукуматдорон нафъи зиёд меорад.

«Объектҳои асосии муроҷиат ва шикояти шаҳрвандони кишвар мақомоти корҳои дохилӣ, судҳои Тоҷикистон ва ҳамчунин раисони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вакилони ҳама гуна сатҳ мебошанд», – иброз дошт ӯ.

Мутобиқи меъёрҳои Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи муроҷиати шаҳрвандон – радди ғайриқонунии баррасии муроҷиати шаҳрвандон, бидуни сабабҳои узрнок вайрон намудани мўҳлати барррасии арзу шикояти онҳо, қабули қарори беасос ва хилофи қонун, инчунин вайрон кардани қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи шаҳрвандон, ҷамъият ё давлат зарари ҷиддӣ ворид намудааст, мансабдори давлатӣ бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад  то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 20 ҳазор то 32 ҳазор сомонӣ) ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо ҳабс ба муҳлати то 6 моҳ ва маҳрум кардани аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се  сол ҷазо дода мешавад.

Мувофиқи ин муқаррарот, таъқиби шаҳрванд аз ҷониби шахси мансабдор вобаста ба муроҷиати ў ба мақоми давлатӣ, корхона, ташкилоту муассиса ё иттиҳоди ҷамъиятӣ ё барои танқиди дар муроҷиаташ инъикосёфта, инчунин барои дар шакли дигар бо танқид баромад карданаш, бо  ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад  то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 60 ҳазор то 80 ҳазор сомонӣ) ё бо  маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.