Қабули қонун «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ»

Дар иҷлосияи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ қабули лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» дар таҳрири нав маъқул шуморида шуд. Зимни суханронӣ доир ба ин масъала яке аз муаллифони қонуни мазкур вакил Олим Салимзода изҳор намуд, ки дар муқоиса бо қонуни пешина, ки ҳанӯз соли 1993 қабул шуда буд, дар қонуни нав тамоми […]



Дар

иҷлосияи имрӯзаи

палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ қабули лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» дар таҳрири нав маъқул шуморида шуд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала яке аз муаллифони қонуни мазкур вакил Олим Салимзода изҳор намуд, ки дар муқоиса бо қонуни пешина, ки ҳанӯз соли 1993 қабул шуда буд, дар қонуни нав тамоми ихтилофҳо бартараф карда шудаанд.

Ғайр аз ин, дар қонуни нав тартиб ва қоидаҳои ҳамкории байнулмилалии кормандони бахши полиграфияи Тоҷикистон муқаррар шудаанд.

Дар қонуни қабулшуда барои кормандони соҳаи полиграфияи кишвар дар самти нашри китобҳои таблиғгари ақидаҳои террористӣ, миллатгароӣ, ифротгароӣ ва ҷудоиандозӣ ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо пешбинӣ шудааст.

Вакил таъкид дошт, ки замони мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ нашри китоб пас аз фурӯши машрубот аз рӯи ҳаҷм дуюмин сарчашмаи даромад ба буҷети давлатии кишвар маҳсуб меёфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.