Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Ба муносибати ҷашни Рӯзи Русия дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерти як гурӯҳи устодони санъати Тоҷикистон доир мегардад;

– Дар ҷаласаи 49-уми Шӯрои энергетикии ИДМ дар Душанбе масоили баргузор намудани мониторинги истифода дар фаъолияти истеҳсолии низомҳои энергетикӣ баррасӣ мешаванд;

– Дар толори театри ба номи Лоҳутӣ ҳунармандони театри ба номи Маяковский спектакли «Три поросенка»-ро намоиш медиҳанд. Оғоз соати 8-30;



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8690

сомонӣ;


1

евро –

8.9266

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1192

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих

Рӯзи кормандони саноати сабук.


2003

– Дар Душанбе маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони бинои сафорати нави ИМА дар Тоҷикистон баргузор шуд. Арзиши лоиҳа – 63 млн. $.


2011

— Дар шаҳри Хоруғ афроди номаълум муовини раиси суди ВМКБ ва судяро лату кӯб намуда, ба биноҳои суди вилоят ва прокуратураи Хоруғ  зиёни зиёд расонида шуд.


2014

— Назди сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон намоиши ғайриқонунӣ доир гардида, бо боздошти якчанд нафар хотима ёфт.


1923-1979

– Зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, арбоби давлатӣ Аминҷон Шукӯҳӣ (раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон).


1934

– Мавлуди адабиётшинос Ҷумъабой Азизқулов.


1936

– Зодрӯзи файласуф Тағай Раҳмонов.


1944

– Мавлуди Арбоби халқии Тоҷикистон Амонулло Қодиров.


1944

– Зодрӯзи овозхон ва оҳангсоз Абдусалом Раҳимов.


1956-1992

– Мавлуди нависанда Маҳмуд Олимӣ.


1961

– Зодрӯзи оҳангсоз ва сароянда Шералӣ Қосимов.


1962

– Мавлуди овозхон Зафар Айюбӣ.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +23+28.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +38+43, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +31+36.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +9+14, рӯзона +26+31; дар шарқ шабона +2+7, рӯзона +14+19.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19 рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +37+39.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +38+40.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +28+30.

spot_imgspot_img

Популярное