Баррасии масоили бахши туризм дар вохӯрии сарвазир бо котиби генералии СУТ

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ (СУТ) Толиб Рифоӣ мулоқот карда, дар вохўрӣ масоили рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин созмони ҷаҳонӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , Толиб Рифоӣ аз рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, хусусан соҳаи сайёҳӣ изҳори хушнудӣ карда, изҳор дошт: «Тоҷикистон дар […]

АМИТ «Ховар»



Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ (СУТ) Толиб Рифоӣ мулоқот карда, дар вохўрӣ масоили рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин созмони ҷаҳонӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, Толиб Рифоӣ аз рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, хусусан соҳаи сайёҳӣ изҳори хушнудӣ карда, изҳор дошт: «Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии туристӣ   мақоми шоиста ва  ҳамчун кишвари афсонавии сайёҳӣ  дар дили роҳбарияти созмон ҷойгаҳи хоссаи худро дорад»

Тавре таъкид гардид, дар солҳои охир аз ҷониби роҳбарияти сатҳи олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбудӣ бахшидани соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои шоиста анҷом дода шуда, дар ҳамин замина нишондиҳандаҳои рушди соҳа батадриҷ боло рафтаанд.

Дар мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати муаррифии бештари имконоти сайёҳӣ дар соли 2017  баргузории як конфронси байналимлалӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба нақша гирифта шавад.

Хотиррасон бояд кард, ки соли 2017 дар қаламрави сайёра Соли байналмилалии туризм эълон шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.