Мусодираи беш аз 10 кило ҳашиш дар пойтахт

Зимни як амалиёти кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе, нашъаҷаллобон бо миқдори калони маводи нашъаовар боздошт шуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, бо дастрас шудани маълумоти оперативӣ маълум шудааст, ки ду нафар сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ният доштаанд маводи нашъаоварро аз вилояти Хатлон тавассути пойтахт ба вилояти Суғд, баъдан берун […]



Зимни як амалиёти кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе, нашъаҷаллобон бо миқдори калони маводи нашъаовар боздошт шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, бо дастрас шудани маълумоти оперативӣ маълум шудааст, ки ду нафар сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ният доштаанд маводи нашъаоварро аз вилояти Хатлон тавассути пойтахт ба вилояти Суғд, баъдан берун аз ҷумҳурӣ ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия интиқол диҳанд.

Гуфта мешавад, барои ҷилавгирӣ намудан аз ин нияти нопок аз тарафи кормандони фаврии Агентӣ дар пойтахт амалиёти махсус ташкил ва гузаронида шуда, дар кӯчаи Неъмат Қаробоев ду нафар нашъаҷаллоб дастгир ва аз онҳо як дона сумкаи варзишӣ мусодира гардидааст, ки дар дохили он 11 адад бастаи печида бо 10 килою 220 грамм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол барои муайян ва боздошт намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳ, ки бо интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул буданд, тадбирҳо андешида шуда, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.