«Истиқлол» бори навбатӣ имтиёзҳоро аз даст дод



Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бозиҳои даври нуҳуми мусобиқаи Лигаи олии футболи ҷумҳурӣ баргузор шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии пешсафи ҷадвали мусобиқа дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ бо «Ҳосилот»-и Фархор мусовӣ – 1 бар 1 анҷом ёфта, душанбегиҳо маротибаи дуюм аст, ки вохӯриро мусовӣ анҷом дода, имтиёзҳоро аз даст медиҳанд.

Гуфта мешавад, се бозии дигар бо пирӯзии соҳибони майдон анҷом ёфтааст: «Вахш « (Қӯрғонтеппа) – «Регар-ТадАЗ» (ш.Турсунзода) – 2:1; КМВА «Помир» (Душанбе) – «Парвоз» (ноҳ. Бобоҷон Ғафуров) – 3:0 ва «Барқчӣ (Душанбе) – «Хайр» (ш.Ваҳдат) – 2:1. «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ тими «Хуҷанд»-и Хуҷандро қабул карда,  бо ҳисоби 2 бар 3 шикаст хӯрд.

Зимнан зикр мегардад, ки бозиҳои мавқуфмондаи даври 8-ум рӯзҳои 18-19 июн баргузор гардида, бо ҳамин даври аввали мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон (9 бозӣ) ба охир мерасад. Дар ин давр чунин дастаҳо бо ҳам рақобат мекунанд: «Парвоз» – «Вахш»; «Регар- ТадАЗ» – «Равшан»; «Истиқлол» – КМВА «Помир»; «Хуҷанд» – «Барқчӣ» ва «Хайр» – «Ҳосилот».

Пас аз 8 давр ҷадвали мусобиқа тариқи зайл аст:

 

 


Б


Ғ


М


Б


Т


Х

1

«Истиқлол»

8

6

2

0

27-10

20

2

«Ҳосилот»

8

4

3

1

12-8

15

3

КМВА «Помир»

8

4

1

3

11-7

13

4

«Вахш»

8

4

1

3

15-15

13

5

«Барқчӣ»

8

4

1

3

12-12

13

6

«Хуҷанд»

8

4

0

4

8-14

12

7

«Хайр»

8

3

3

2

13-6

12

8

«Регар-ТадАЗ»

8

3

1

4

12-11

10

9

«Парвоз»

8

1

1

6

7-17

4

10

«Равшан»

8

0

1

7

8-25

1

 

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 9 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр») – 7 тӯб, Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»)– 5 тӯб, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 4-тӯбӣ

.

spot_imgspot_img

Популярное