Трамп ба манъи вуруди мусалмонон ба ИМА даъват кард

Номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп дар шарҳи куштори оммавӣ бо тирпарронӣ дар маҳфили ҳамҷинсгароён дар Орландо, такроран даъват кард, ки вуруди мусалмонон ба ИМА манъ карда шавад. Ӯ президенти ИМА Барак Обамаро ба истеъфо аз мансаби президентӣ ва номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА аз Ҳизби демократҳо Ҳилларӣ Клинтонро ба даст […]

ASIA-Plus



Номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп дар

шарҳи куштори оммавӣ

бо тирпарронӣ дар маҳфили ҳамҷинсгароён дар Орландо, такроран даъват кард, ки вуруди мусалмонон ба ИМА манъ карда шавад.

Ӯ президенти ИМА Барак Обамаро ба истеъфо аз мансаби президентӣ ва номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА аз Ҳизби демократҳо Ҳилларӣ Клинтонро ба даст кашидан аз маъракаи интихоботи президентӣ даъват кард.

Дар Twitter’e,  Трамп изҳор дошт, ки «нисбати «терроризми тундгарои исломӣ» ӯ ҳақ буд» ва «ҳодисаи рухдода дар Орландо танҳо оғоз аст.

Ҳамчунин Трамп раҳбарияти кишварро «заиф» унвон карда, даъват кард, ки қотеъият нишон дода, вуруди мусалмонон ба кишвар манъ карда шавад. «Ҳодисаи рухдода дар Орландо танҳо оғоз аст. Раҳбарияи мо заифу фаъолияташ камсамар аст. Ман даъватро қабул карда, манъи вурудро пешниҳод мекунам. Мо бояд қотеъият зоҳир намоем», – навиштааст Трамп дар

Twitter

.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи якшанбе, 12 июн шаҳрванди афғонитабори ИМА Умар Матин ба бинои маҳфили клуби шабонаи ҳамҷинсгароён дар Орландо ворид гардида, ба парронидани ҳозирин он пардохт, ки дар натиҷа 50 нафар кушта ва 53 тани дигар захмӣ шуданд. Ҳангоми муқовимати мусаллаҳона бо кормандони пулис террорист кушта шуд. Баъдтар дар назди клуб инфиҷор ба амал омад, ки пулис онро «назоратшаванда» унвон кард. Масъулиятин ин амали террористиро гурӯҳи Давлати исломӣ ба дӯш гирифт.

Радиои Озодӣ дар ин робита

менависад

, Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, қатли 50 нафар дар шаҳри Орландои иёлати Флоридаро “амали террористӣ” ва “душманӣ” хонд. Ӯ гуфтааст, ки ин куштор “ҳамла ба ҳамаи амрикоиҳо буд”.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.