Ифтитоҳи Маркази иттилоотӣ ва захиравии СММ дар ДСРТ



Ҷаноби Сироҷиддин Аслов, Вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо хонум Ҷиҳон Султоноғлу, Ёвари Дабири Кулли СММ, Ёвари мудир ва Директори минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Кишварҳои муштарак – ул-манофеъи Барномаи Рушди СММ, Роҳбари минтақавии гуруҳи рушди СММ, аввалин Бунёди иттилоъот ва манобеъи СММ-ро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд.


Маросими ифтитоҳ дар зери роҳбарии ҷаноби Александр Зуев, Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ ва бо иштироки сарварони оҷонсиҳои СММ, намояндаҳои бахши дипломатӣ, намояндагони ҷомеъа ва рузноманигорон ширкат намуданд. 

Бунёди иттилоъот ва манобеъи СММ, як маркази камназир дар қаламрави соири Кишварҳои муштарак-ул-манофеъ буда, дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон (ДСРТ) дар шаҳри Душанбе бо китобхонаи дорои 6000 китобу дастур ба забонҳои асосии СММ ва дастёбӣ ба ҳама манобеъи рақамии кулли бахшҳои СММ ба кор оғоз намуд.

Марказ  барои иртифоъи огоҳии ҷомеъа аз фаъолияти кулли бахшҳои СММ дар кишвар, донишу иттилоъоти ҷавонон дар мавриди усулҳои асосии кори сохттори СММ, афзалиятҳои умда, ба мисли Ҳадафҳои Рушди Устувор ва стратегияҳои миллӣ, бунёд гаштааст. Яъне ин Бунёд дар таҳкими ҳамкории идораҳои СММ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Дар назар аст ба таври доим барномаҳое аз қабили  суханрониҳои боз барои донишҷӯён, мулоқот бо сарони агентиҳои СММ, коршиносони меҳмони СММ доир хоҳанд гашт ва ҳамчунин китобхона доим фаъол хоҳад буд. 

Бунёд ба донишҷуёни донишгоҳҳои мухталиф имкони аз наздик ба кору фаъолияти бахшҳои СММ, тариқи ҳалли масоъили умдаи рушди инсон, ба мисли маҳви камбизоъатӣ, гуруснагӣ, нобаробарии байни кишварҳо, таъмини саломатӣ, шуғл, тағъири иқлим, ҳифзи муҳити зист ва ғайра, ошно шуданро фароҳам меорад. 

Тавре ки, Ёвари Дабири Кулли СММ, Ёвари мудир ва Директори минтақаи Европаи Шарқӣ ва Кишварҳои муштарак- ул-манофеъи Барномаи Рушди СММ хонум Ҷиҳон Султоноғлу фармуданд: “ Ин бунёди ноб метавонад барои ҳама аҳолии кишвар ба хусус барои мактабиён, донишҷӯён, рузноманигорон, коршиносон ва олимоне ки барояшон кори СММ ҷолиб аст, маркази пурманфиъат гардад. Мутмаъинам Бунёди иттилоъот ва манобеъи СММ ба тадриҷ ҷои сазовори худро дар бахши иҷтимоиву иттилоъотии Тоҷикистон пайдо хоҳад кард”.

Тоҷикистон ҳамчу узви комилҳуқуқи СММ барои фаъолияти бахшҳои СММ ҳама шароити мавриди ниёзро фароҳам месозад ва аз ҷониби худ, онҳо барои беҳбуди некуаҳволии мардум, таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ворид шудани кишвар, ба Тоҷикистон кумак мерасонанд.

spot_imgspot_img

Популярное