Вохӯрии сарвазир ва вазири корҳои хориҷӣ бо муовини роҳбари Барномаи рушди СММ

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода рӯзи 13 июн бо муовини роҳбари Барномаи рушди СММ, Директори минтақавии Барномаи рушди СММ   барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ хонум Ҷиҳан Султоноғлу мулоқот карда, дар он масоили ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо ин барномаи муътабари СММ дар ҳоли ҳозир ва барои солҳои минбаъда баррасӣ шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», […]

ASIA-Plus



Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода рӯзи 13 июн бо муовини роҳбари Барномаи рушди СММ, Директори минтақавии Барномаи рушди СММ   барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ хонум Ҷиҳан Султоноғлу мулоқот карда, дар он масоили ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо ин барномаи муътабари СММ дар ҳоли ҳозир ва барои солҳои минбаъда баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», зимни вохӯрӣ таъкид гардидааст, ки ҳамкории дуҷониба дар асоси барномаю стратегияҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ дар сатҳу зинаҳои зарурӣ ба роҳ монда шуда, ҷавобгӯйи манфиатҳои дуҷониба мебошанд.

Хонум Ҷиҳан Султоноғлу аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи ҳукумат ва раиси он, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши муносибатҳои тарафайн изҳори сипосу қаноатмандӣ намуда, барои тақвияти ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳои афзалиятнок омодагию ҳавасмандӣ зоҳир кард.

Нимаи дуюми ҳамин рӯз хонум Ҷиҳан Султоноғлуро  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва БРСММ, аз ҷумла таҳия ва қабули стратегияи нави рушди Тоҷикистон то соли 2030 ва гузаронидани Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария”-ро, ки 9-11 августи 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.