Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти ИМА

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба содир шудани амали террористӣ дар шаҳри Орландои ИМА ба президенти ин кишвар Барак Ҳусейн Обама барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мгардад, ки «хабари амали террористӣ дар шаҳри Орландои Штатҳои Муттаҳидаи Америкаро, ки мӯҷиби ҳалокат ва […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба содир шудани амали террористӣ дар шаҳри Орландои ИМА ба президенти ин кишвар Барак Ҳусейн Обама барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мгардад, ки «хабари амали террористӣ дар шаҳри Орландои Штатҳои Муттаҳидаи Америкаро, ки мӯҷиби ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандони кишвар гардид, бо андӯҳи бузург ва нафрати беандоза дарёфтам».

Дар барқия гуфта мешавад, мавҷи даҳшатангези терроризм, ки аслан на дин дораду, на ватану на миллат, имрӯзҳо кишварҳои гуногуни оламро фаро гирифта, бори дигар зарурати идомаи муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи ин таҳдиди глобалӣ қотеъона таъкид менамояд.

«Бо изҳори таъзияву тасаллият ба мардуми дӯсти Амрико ва ибрози ҳамдардии инҷониб ба наздикону пайвандони қурбониён, хоҳони шифои комили маҷрӯҳшудагон ҳастем», – изҳор ҳамдардӣ мешавад дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи якшанбе, 12 июн шаҳрванди афғонитабори ИМА Умар Матин ба бинои маҳфили клуби шабонаи ҳамҷинсгароён дар Орландо ворид гардида, ба парронидани ҳозирин он пардохт, ки дар натиҷа 50 нафар кушта ва 53 тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳангоми муқовимати мусаллаҳона бо кормандони пулис террорист кушта шуд. Баъдтар дар назди клуб инфиҷор ба амал омад, ки пулис онро «назоратшаванда» унвон кард. Масъулияти ин амали террористиро гурӯҳи Давлати исломӣ ба дӯш гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.