Нархи VIP-билетҳои бозии «Истиқлол» – «Локомотив» – 500 сомонӣ

Ба муносибати ҷашни 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон рӯзи 26 июн миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Локомотив»-и Маскав бозӣ дӯстона баргузор мегардад. Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», барои мухлисоне, ки бозиро аз нишастгоҳи мулоиму бофароғати VIP- ложаи варзишгоҳ тамошо карданианд, ба миқдори маҳдуд VIP-билетҳо пешниҳод шаддаанд, ки барои як ҷойи нишаст […]

ASIA-Plus



Ба муносибати ҷашни 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон рӯзи 26 июн миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Локомотив»-и Маскав бозӣ дӯстона баргузор мегардад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», барои мухлисоне, ки бозиро аз нишастгоҳи мулоиму бофароғати VIP- ложаи варзишгоҳ тамошо карданианд, ба миқдори маҳдуд VIP-билетҳо пешниҳод шаддаанд, ки барои як ҷойи нишаст – 500 сомонӣ (65$) арзиш доранд. Инчунин, ҳангоми танаффус ба дорандагони VIP-билетҳо дар нуқтаи махсуси ғизохӯрӣ хизмат расонда мешавад.

Гуфта мешавад, нархи билетҳо ба дигар минбарҳои варзишгоҳ (асосӣ, шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) 20 сомониро ташкил дода, фурӯши онҳо рӯзҳои наздик дар хазинаҳо (кассаҳо)-и Варзишгоҳи марказӣ оғоз мегардад.

Зимнан зикр мегардад, ки пас аз анҷоми бозӣ миёни мухлисон аз рӯи билетҳои воридшавӣ бозии лотерея гузаронида шуда, мухлисонро бурди навъҳои муосири смартфонҳои «Samsung Galaxy» ва ҷоизаи асосӣ – автомашинаи «Лада Приора» интизор аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.