Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» дар Тоҷикистон

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон оғози аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!»-ро эълон медорад, ки то 26-уми июн, вақте ки дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад, идома хоҳад ёфт. Тавре аз ТҶ «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» хабар доданд, давоми 10 рӯз, ҳар рӯз мо барои […]

Иттилоияи расмӣ



Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон оғози аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!»-ро эълон медорад, ки то 26-уми июн, вақте ки дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад, идома хоҳад ёфт.

Тавре аз ТҶ «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» хабар доданд, давоми 10 рӯз, ҳар рӯз мо барои шумо дар торнамои Эътилоф


www.notorture.t

j

ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро пешкаш менамоем.

Агар шумо муқобили шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳастед, метавонед дар шарҳи як ё якчанд қисса барои қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо сухани дастгирикунанда нависед ё қиссаро бознашр кунед, то ин ки аксия теъдоди зиёдтари одамонро фаро гирад.

Тамоми суханҳои дастгирикунандаро мо ба қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву аъзои оилаи онҳо мебахшем ва инчунин, дар рӯзи хотимавии аксия дар шакли маводи мултимедӣ дар торнамои Эътилоф ҷой медиҳем.

Дар доираи аксия, аз 20 то 26-уми июн, мусофирони нақлиёти шаҳрии мусофирбари №№2,16, 25 ва 46 метавонанд дар экранҳои дохили мошинҳо ролик дар бораи дастгирии қурбониёни шиканҷаро бубинанд, ки аз ҷониби шарики мо – Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Қазоқистон омода гардида, ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст.

Аз 24 то 26-уми июн бошад, дар мониторҳои калон дар Душанбе (назди меҳмонхонаи «Тоҷикистон», ТВ «Сафина» ва ҳайкали Исмоили Сомонӣ) ролик бар ин асос, ки тибқи моддаи 5-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва озодиҳои асосӣ  «Ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирад», бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ пахш хоҳад шуд.

Як қисми аксияи мо дар вилоятҳои Хатлону Суғд мегузарад. Рӯзи 24-уми июн дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа намоиши аллакай анъанавии аксҳо доир мегардад, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, ВАО ва созмонҳои байналмилалӣ даъват хоҳанд шуд. Дар намоишгоҳ тамоми хоҳишмандон метавонанд иштирок намоянд.

Мо зидди шиканҷа! Ту чӣ? Ба шиканҷа ва беҷазоӣ «Не!» бигӯ!


Маълумот дар бораи Эътилоф:

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон соли 2011 баҳри таҳкими талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ таъсис ёфтааст. Он 11 ташкилоти ғайридавлатӣ, ҳудуди 80 адвокатҳо, журналистон, равоншиносон, коршиносон оид ба адолати судиро муттаҳид кардааст.

Бақайдгирии ҳолатҳои шиканҷа ва расонидани кӯмакҳои ҳуқуқиву равонӣ, муттаҳидсозии кӯшиш ва талабот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ташаккули сиёсати «таҳаммулнопазирии комил» нисбат ба шиканҷа дар Тоҷикистон мақсадҳои асосии Эътилоф ба шумор мераванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.