Дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз алайҳи сиёсати Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин даъвати Парлумони Аврупо ҷиҳати озод кардани ҳамаи аъзои маҳкумшудаиҲНИТ ва адвокатҳои онҳо ҳамоиши донишҷӯён сурат гирифт.
Дар ҳамоиши мазкур фаъолони ҳаракати донишҷӯён аз саросари Тоҷикистон – толибилмони мактабҳои олии Душанбе, вилояти Хатлону Суғд ва ВМКБ иштирок карданд.
«Мо намояндагони Парлумони Аврупоро ба Тоҷикистон даъват мекунем, то ки шахсан ба ҷазои мунсифона гирифтани маҳкумшудагон дар ҷумҳурӣ бовар ҳосил намоянд ва бо ҷабрдидагон аз амалҳои қаллобии адвокатҳои маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров, Шуҳрат Қудратов ва Нуриддин Маҳкамбоев дидору суҳбат кунанд», – мегӯянд донишҷӯён.
Яке аз фаъолони ҳаракати донишҷӯён Асдлиддин Хушвахтов зимни ҳамоиш изҳор намуд, ки «магар раҳоии террористон, ки онҳо талаб доранд, демократия аст?». «Пас мо метавонем ба онҳо бигӯем, ки мо демократияи худро дорем, ки ба қонунгузории Тоҷикистон тобеъ аст ва касоне, ки онро риоя намекунанд, сарфи назар аз андешаҳои сиёсӣ, назди қонун ҷавоб мегӯянд», – иброз дошт номбурда.
Ба гуфтаи ӯ, «маҳз меъёрҳои дугонаи баъзе кишварҳо сабабгори рӯйдодҳои хунин дар Сурияву Либия ва Ироқ аст». «Ҳизби наҳзати исломӣ ба Тоҷикистон хиёнат кард ва Парлумони Аврупо бояд донад, ки замоне ба Иттиҳоди Аврупо ҳам хиёнат хоҳад кард», – қайд кард ӯ.
Ёдрас мекунем, ки Суди олии Тоҷикистон санаи 2 июн нисбати фаъолони боздоштшудаи ҲНИТ
ҳукм содир намуда
, муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайитро ба ҳабси абад маҳкум кард. Боқимонда 11 нафар аъзои дигари ҳизб ба муҳлати аз 14 то 28 сол равонаи зиндон шуда, ягона зан миёни маҳкумшудагон – ҳуқуқшиноси ҳизб Зарафо Раҳмон ба 2 соли зиндон маҳкум шуд.
Қобили зикр аст, ки санаи 9 июн Парлумони Аврупо оид ба Тоҷикистон қатъномаи махсус қабул карда, дар он аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки аъзои маҳкумшудаи ҲНИТ, собиқ вазири саноат Зайд Саидов ва дигар мухолифон озод карда шаванд.
Чанде қабл дар Душанбе миёни Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даври 8-уми Муколамаи ҳарсола оид ба ҳуқуқи инсон
баргузор гардид
, ки дар он ба масъалаи мазкур низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Санаи 13 июн дар ҷараёни вохӯрии коршиносони сатҳи баланд оид ба масоили дарёфти ҳаллу фасл ва роҳу воситаҳои пешгирии падидаи ифротгароии зӯроварона дар Душанбе вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов
сиёсати «меъёрҳои дугона»-и
чанде аз кишварҳои шарики Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор дод.





