Дар шаҳри Исломобод ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва техникӣ бо роҳбарии ҳамраисони он вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва вазири об ва энергетикаи Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону Покистон, масъулони соҳаҳои энергетика, рушди иқтисод ва савдо, саноат, нақлиёт ва ғайра дар кори ҷаласа иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, аз он ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, нақлиёт, саноат ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.





