Пешбарии номзад ба аъзогӣ дар Маҷлиси миллӣ аз Суғд

Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода номзад ба аъзогӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, Ҷамшед Ҷӯразода аллакай расман ҳамчун номзад ба аъзогӣ дар палатаи […]

ASIA-Plus



Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода номзад ба аъзогӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, Ҷамшед Ҷӯразода аллакай расман ҳамчун номзад ба аъзогӣ дар палатаи болоии парлумони кишвар ба қайд гирифта шуда, маъракаи интихоботи он санаи 17 июл доир мегардад.

Дар палатаи болоии парлумон ӯ собиқ раиси шаҳри Хуҷанд Рӯзибой Аҳмадзодаро иваз мекунад. Дар иҷлосияи навбатии рӯзи 5 майи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум собиқ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ваколатҳои худро супурда буд.

Рӯзи 30 март бо фармони президент Раҷаббой Аҳмадзода раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодзезияи ҷумҳурӣ таъин ва аъзои ҳукумат шуд. Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, аъзои амалкунандаи ҳукумат аъзои парлумон шуда наметавонанд.

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 33 аъзо иборат буда, 25 нафари онҳо тариқи овоздиҳӣ дар иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе интихоб карда мешаванд. 8 нафар аъзои боқимондаи палатаи болоии парлумони ҷумҳуриро президент таъин мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.