Президенти Тоҷикистон ба Тошканд раҳсипор шуд



Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров, сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Гуфта мешавад, дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии президенти оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.


Ҷаласаи ҷашнии

Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов доир мегардад.

Дар ҷаласа президентҳои кишварҳои узви СҲШ – сарони кишварҳои Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Ҷумҳурии Мардумии Чин – Си Ҷинпин, Қирғизистон – Алмазбек Атамбоев, Русия – Владимир Путин ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунанд.

Кишварҳои нозири Созмонро президенти Афғонистон – Ашраф Ғанӣ, президенти Беларус – Александр Лукашенко, президенти Муғулистон – Сахиагийн Элбэдорҷ, президенти Покистон – Мамнун Ҳусейн, нахуствазири Ҳиндустон – Нарендра Моди, вазири корҳои хориҷии Эрон – Муҳаммад Зариф намояндагӣ карда, президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ба сифати меҳмони давлати раисикунанда ширкат меварзад.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин Дабири кулли СҲШ Рашид Олимов ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Евгений Сисоев низ ҳузур дошта, иштироки худ дар ин нишастро як қатор роҳбарони созмонҳои байнулмилалии шарик низ тасдиқ кардаанд.

Баҳри иштирок дар чорабинии мазкур дар маҷмӯъ ҳудуди 1000 нафар намояндагони кишварҳои узви СҲШ, созмонҳои байнулмилалӣ ва ҳамчунин рӯзноманигорони васоити ахбори умуми кишварҳои хориҷӣ ба шаҳри Тошканд ташриф меоранд.

spot_imgspot_img

Популярное