Медали биринҷии Дилшод Назаров дар Полша

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи байнулмилалии навбатии «62nd Janusz Kusocinski Memorial» бо иштироки 8 гурзандоз дар шаҳри Шетсини Полша ширкат варзид. Бино ба иттилои торнамои times.tj, қувваозмоии мазкур дар доираи мусобиқаҳои силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» доир гардида, Дилшод Назаров бо натиҷаи 77,20 метр медали биринҷиии мусобиқаро ба даст овард. Гуфта мешавад, зинаи […]

ASIA-Plus



Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи байнулмилалии навбатии «62nd Janusz Kusocinski Memorial» бо иштироки 8 гурзандоз дар шаҳри Шетсини Полша ширкат варзид.

Бино ба иттилои торнамои times.tj, қувваозмоии мазкур дар доираи мусобиқаҳои силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» доир гардида, Дилшод Назаров бо натиҷаи 77,20 метр медали биринҷиии мусобиқаро ба даст овард.

Гуфта мешавад, зинаи аввали мусобиқаро бо натиҷаи 80,10 метр варзишгари Полша Павел Файдек ва зинаи дуюмро бо натиҷаи 77,43 метр намояндаи Қатар Аҳмад Амқад Ал Сифӣ ишғол намудаанд.

Дар доираи мусобиқаҳои силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» дар ин мавсим аллакай 8 давр баргузор шуда, Дилшод Назаров дар 3-тои он иштирок кард. Қаблан ӯ дар даврҳои «Diamond League Meetings» (ИМА) бо натиҷаи 78,12 метр ва дар даври «55th Ostrava Golden Spike» в Остраве (Чехия) бо натиҷаи 78,82 метр ба дарёфти медалҳои нукраи ин мусобиқаҳо мушарраф гардида буд.

Дар мавсими имсола Дилшод Назаров бо касби 234,14 имтиёз миёни гурзандозони беҳтарини ҷаҳон дар зинаи 2-юм қарор дорад. Мақоми аввалро бо 241,04 имтиёз варзишгари Полша Павел Файдек, зинаи 3-юмро бо 228,15 имтиёз боз як  намояндаи Полша Войсех Новитски, мақоми 4-умро бо 226,09 имтиёз гурзандози Словакия Марсел Ломнитский ва мақоми 5-уми панҷгонаи беҳтарини гурзандозони ҷаҳонро бо 223,21 имтиёз варзишгари Италия Марко Лингва ишғол мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио