Дастури Озода Раҳмон доир ба пардохти садақаи фитр

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ, имомхатибони масҷидҳо ва соҳибкорону тоҷирони кишвар дастур додааст, ки дар робита ба анҷоми моҳи шарифи Рамазон бояд ба шаҳрвандони камбизоат, ятимон ва пиронсолони ниёзманд садақаи фитр пардохт карда шавад. Назорати иҷрои дастури мазкур ба дӯши Кумита оид ба корҳои дин, танзими […]

ASIA-Plus



Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ, имомхатибони масҷидҳо ва соҳибкорону тоҷирони кишвар дастур додааст, ки дар робита ба анҷоми моҳи шарифи Рамазон бояд ба шаҳрвандони камбизоат, ятимон ва пиронсолони ниёзманд садақаи фитр пардохт карда шавад.

Назорати иҷрои дастури мазкур ба дӯши Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милли назди ҳукумати ҶТ вогузор гардида, мансабдорону имомхатибон ва намояндагони доираҳои соҳибкориву тиҷоратӣ уҳдадор шудаанд, ки аз рафти иҷрои дастури мазкур ба Дастгоҳи иҷроияи президент маълумот диҳанд.

Ёдрас мекунем, ки

бо қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон

имсол дар Тоҷикистон Иди саиди Фитр санаи 6 июл ҷашн гирифта мешавад.

Садақаи фитр ё худ фитри рӯза навъи вижаи хайре дар дини мубини Ислом ба шумор меравад, ки мусулмононро лозим аст, онро бо поён ёфтани моҳи шарифи Рамазон анҷом диҳанд. Ҳар сардори хонаводаи мусулмон бояд аз номи худ ва сари ҳар фарди оилаи ноболиғаш миқдори муайяни молро ба унвони “Садақаи фитр” пеш аз рафтан ба намози ид ба мардуми ниёзманд садақа кунад. Бар асоси фиқҳи исломӣ, фитри рӯза ба ҳар фарди мусалмон, озод ва соҳиби нисоби закот фарз мебошад.

Қобили зикр аст, ки соли равон маблағи закот (андози ҳатмии солона ба фоидаи камбизоатон)-ро мусалмононе месупоранд, ки на камтар аз 17 ҳазору 400 сомонӣ воситаҳои зиёдатӣ доранд. Аз ин маблағ онҳо бояд 435 сомонӣ хайр кунанд.

Ҳаҷми садақаи фитр (хайрия) имсол барои 1 моҳ ба 1 нафар 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (касоне, ки имкони рӯзагирӣ надоранд), 600 сомонӣ мукаррар шудааст, яъне ин афрод ҳар рӯзи моҳи рамазон бояд 20 сомонӣ хайрия диҳанд.

Тибқи қонунҳои шариат, бо воситаҳое, ки дар шакли закоту фитр ба даст оварда шудааст, пулу масҷиду мадрасаҳо сохта намешаванд. Ҳамаи ин воситаву маблағҳо танҳо ба афроди мушаххаси воқеӣ пардохт карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио