Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ гурӯҳи намояндагони Федератсияи Россияро дар ҳайати роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкороне, ки бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодӣ ва имкониятҳои истеҳсоливу тиҷоратии минтақаи Суғд ба вилоят ташриф овардаанд, таҳти сарварии муовини губернатори вилояти Нижегородск Люлин Евгений Борисович ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои тарафайни минтақавӣ дар самти савдою тиҷорат ва истеҳсолоти муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Яке аз мавзуъҳои асосии сӯҳбат ин вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо намояндагони савдою тиҷорати Россия дар самти содироти меваю сабзавот аз вилояти Суғд ба ҳисоб рафт.
Муовини губернатори вилояти Нижегородск Люлин Е. Б ҳадафи сафарро ошноӣ бо вазъи иқтисодию тиҷоратии вилоят ва дарёфти роҳҳои ҳамкории судманд арзёбӣ намуд ва афзуд, ки имруз ширкатҳо ва соҳибкорони ин минтақа хостори ҳамкорӣ бо деҳқонону соҳибкорони тоҷик ҳастанд. Вилояти Нижегородск имрӯз танҳо талаботи 40 дарсади аҳолиашро бо мева қонеъ мегардонад ва 60 фисад ба воридоти ин намуди маҳсулот ниёз дорад. Дар навбати худ сохибкорони рус меваю сабзавоти Тоҷикистонро ҳамчун маҳсулоти табиӣ ва хуштамъ эътироф мекунанд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изҳор намуд, ки вилояти Суғд ҳавасманди густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии минтақавӣ бо Россия аст. Дар баробари ин, аз соҳибкорони рус даъват карда шуд, ки ҷиҳати ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ фаъол бошанд. Зеро барои ташкили истеҳсолоти муштарак имкониятҳои мусоид аз қабили ашёи хом ва қувваи корӣ дар вилоят вуҷуд доранд. Аз ҷониби дигар ин тадбир ба манфиати вилоят аст, ки боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ мегардад.
Дар ин замина дар самти ташкили коргоҳҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва шиша ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд. Яке аз ширкатхои бузурги мошинсозии Росия корхонаи автомобилсозии Горкий, ки бо тамғаи ГАЗ машҳур аст, омодагии хешро ҷиҳати дастрасии нақлиёти замонавии мусофиркашонӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ, нақлиёти коммуналӣ, техникаи хоҷагии қишлоқ ва гармхонаҳо баён намуд.





