Парвандаи адвокат Бузургмеҳр Ёров дубора баррасӣ мешавад



Парвандаи адвокат Бузургмеҳр Ёров дубора баррасӣ шуда, тамоми далелҳои қаблан овардаи адвокатҳо нисбати бегуноҳии ӯ бекор карда шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» бародар ва адвокати айбдоршаванда Ҷамшед Ёров хабар дод. Сабаби ин кор бемории яке аз мушовирони халқӣ унвон мешавад.

Мурофиаи судӣ нисбати адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов рӯзи 3 май дар толори суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 

оғоз гардида

, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошт. «Баъди ивази мушвири халқӣ ҳамаи мурофиаҳои пешин бекор карда шуданд. Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, агар дар ҷараёни мурофиа ёвари суд ё мушовири халқӣ иваз шавад, тамоми мурофиаи судиро мебояд аз нав оғоз намуд», – иброз дошт Ҷамшед Ёров.

Ӯ қайд кард, ки маъмулани барои роҳ надодан ба чунин ҳолатҳои ғайимунтазира, суд ба иловаи ду мушовири халқӣ боз сеюмашро ҳам ҷалб мекунад, ки дар ин ҳолат ин кор сурат нагирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ дар ин робита

иттилоъ медиҳад

, ки дар мурофиаи дирӯз додраси додгоҳи шаҳри Душанбе Ассомиддин Бобохонзода ду мушовири халқии дигар гирифта ва як мушовири иловагӣ низ даъват кардаанд. Аммо ба гуфтаи Ҷамшед Ёров, мушовирони халқие, ки тоза дар мурофиа ширкат карданд, аз баҳсҳои пешин иттилоъ надоштанд ва аз ин рӯ барои огоҳии комили онҳо, мурофиа аз сари нав оғоз гардидааст.

Ҷамшед Ёров ҳамчунин хабар додааст, ки дар ду рӯзи ахир додгоҳ моддаи “қаллобӣ”-и муттаҳамонро ба баррасӣ гирифт ва ҷабрдидаҳое, ки аз вакилони мудофеъ ҳудуди 90 ҳазор доллар пули додаашонро талаб доранд, мавриди пурсиш қарор гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта нисбати Бузургмеҳр Ёров мутобиқи моддаҳои 189 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ); 247 (Қаллобӣ); 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ), 307.1 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Адвокат 29 сентябри соли гузашта баъди аз ҷониби ӯ таъсис дода шудани Кумитаи ҳимояи аъзои ҳабсшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Бузургмеҳр Ёров ҳамчунин шахси бовариноки раиси Ҳизби фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ буд. Баъди як рӯзи изҳороти Б.Ёров оид ба нисбати аъзои ҳабсшудаи ҲНИТ истифода шудани шиканҷа, ӯ ба қаллобӣ муттаҳам ва ба ҳабс гирифта шуд.

Дар мурофиаи рӯзи 10 майи соли равон Бузургмеҳр Ёров

изҳор намуда буд

, ки баргузории мурофиаи ӯ дар театр беҳтар аст. «Мурофиаро дар Театри давлатии академии ба номи А.Лоҳутӣ ё Театри драмавии русии ба номи Маяковский гузаронед, зеро дар он ҷойҳо толор муносибтар аст», – иброз дошта буд адвокат.

spot_imgspot_img

Популярное