Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ба гумони даст доштан дар шикастани 6 терминали пардохт дар шаҳри Қуғонтеппа ду ҷавони 16 ва 17-солаи маркази маъмурии вилояти Хатлонро боздошт намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшудагон шабона аз 3 то 11-уми июл дар нуқтаҳои гуногуни шаҳр 6-адад таҷҳизотҳои маблағгузарониро шикаста, аз дохилашон 391сомониро тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Гуфта мешавад, зарари расонидашуда аз ин амали ҷавонон дар маҷмӯъ 9 ҳазору 340 сомониро ташкил дода, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.





