Ҳушдори КҲФ аз обуҳавои номусоид дар Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 28 то 31 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои номусоид, аз ҷумла боришоти шадид, раъду барқ ва пурзӯр шудани вазиши шамол то 15-20 метр дар як сония дар назар аст. Ба иттилои манбаъ, дар минтақаҳои доманакӯҳ фаромадани сел, болоравии сатҳи […]

ASIA-Plus



Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 28 то 31 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои номусоид, аз ҷумла боришоти шадид, раъду барқ ва пурзӯр шудани вазиши шамол то 15-20 метр дар як сония дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар минтақаҳои доманакӯҳ фаромадани сел, болоравии сатҳи об дар дарёву рӯдхонаҳо аз эҳтимол дур набуда, тахриби хатҳои интиқоли барқ, сохторҳои рекламавии паҳну баланди номустаҳкам ва шикастану афтодани дарахтон имкон дорад, ки ба осеб дидани воситаи нақлиёт, афзоиши шумори ҳодисаҳои ҷароҳатбардорӣ миёни аҳолӣ боис шуда метавонад.

Дар ин робита КҲФ ва МГ аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ дархост мекунад, ки дар ин рӯзҳо баҳри таъмини бехатарӣ тавсияҳои зеринро риоя намоянд:

– пӯшидани тирезаҳо ҳангоми аз хона берун рафтан;

– мувофиқи имкон гузоштани автомобил дар гараж ва дар сурати мавҷуд набудани он, дуртар аз зери дарахтон ва сохторҳои номустаҳкам.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст