Футболбози тоҷик дар тими булғории «Дунав»

Собиқ футболбози дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд Искандар Ҷалилов ҳунарнамоии худро дар тими аврупоии «Дунав»-и Булғористон идома медиҳад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Искандар Ҷалилов аз дастаи «Волга» (Нижегород), ки муддати ду сол дар он бозӣ кардааст, ба ин даста гузашта, пештар нимсолӣ дар дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ҳунарнамоӣ дошт ва […]



Собиқ футболбози дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд Искандар Ҷалилов ҳунарнамоии худро дар тими аврупоии «Дунав»-и Булғористон идома медиҳад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Искандар Ҷалилов аз дастаи «Волга» (Нижегород), ки муддати ду сол дар он бозӣ кардааст, ба ин даста гузашта, пештар нимсолӣ дар дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ҳунарнамоӣ дошт ва ҳамчунин дар тимҳои «Рубин» (Қазон), «Нефтехимик» (Нижнекамск) ва «Турну-Северин» (Руминия) низ бозӣ кардааст.

Гуфта мешавад, И.Ҷалилов дар ҳайати мунтахаби футболи Тоҷикистон низ бозӣ карда, дар бозии дӯстона бо тими Эстония (1:2) бозигарро иваз карда буд.

Ба иттилои манбаъ, дар тими нави худ Искандар Ҷалилов метавонад аллакай рӯзи шанбе, 30 июл дар вохӯрӣ бо дастаи «Верея» дар даври якуми мусобиқаи чемпионати Булғористон бори нахуст ба бозӣ барояд.

Қобили зикр аст, ки Искандар Ҷалилов дуюмин футболбози тоҷик аст, ки дар чемпионати Булғористон ҳунарнамоӣ мекунад. Қаблан нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев ба дастаи «Локомотив»-и Пловдив гузашта буд. Пештар Умарбоев якуним сол дар ҳайати тими «Истиқлол» бозӣ карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.