Варзишгарони тоҷик ба Бразилия расиданд

Ҳайати варзишии Тоҷикистон, ки  шаби панҷшанбеи 28-уми июл барои ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе-Истамбул-Сан-Паулу-Рио-де-Жанейро сафар кард, баъди як шабонарӯз ба Бразилия расид. Маросими гусели варзишгарон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 28 июл соати сеи шаб баргузор шуд. Дар ин маросим муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳииТоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода , […]

Нарзулло Латифов, сухангӯи ҳайати варзишии Тоҷикистон, Рио-де-Жанейро.


Ҳайати варзишии Тоҷикистон, ки  шаби панҷшанбеи 28-уми июл барои ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ


тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе-Истамбул-Сан-Паулу-Рио-де-Жанейро сафар кард, баъди як шабонарӯз ба Бразилия расид.

Маросими гусели варзишгарон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 28 июл соати сеи шаб баргузор шуд. Дар ин маросим муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳииТоҷикистон

Ҳабибулло Амирбекзода

, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов профессор

Шодӣ Сафаров

ва собиқадори варзиш

Усто Устопиров

ба варзишгарони тоҷик роҳи сафед ва муваффақият орзу карданд.

Дар айни ҳол ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули 15 нафар, ки 6 нафари онҳо варзишгарон, 5 нафар мураббиён ва 4 нафари дигар ашхоси расмӣ мебошанд, дар Деҳаи олимпӣ истиқомат мекунанд.

Ба ҷуз гурзандоз 

Дилшод Назаров,

 ки ҳамроҳи ду мураббиаш аз Ҷумҳурии Чех рӯзи 3 август ба Рио-де-Жанейро меояд, паҳлавонони тоҷик 

Комроншоҳи Устопириён 

(вазни то 90 кг) ва 

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов 

(вазни +100 кг)


дар риштаи дзюдо, муштзан 

Анвар Юнусов 

(вазни то 60 кг), шиноварон

Олим Қурбонов 

ва

Анастасия Тюрина


 

(ҳарду дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод)

,

 даванда 

Кристина Пронженко 

(давидан ба масофаи 200 метр) дар Деҳаи олимпӣ бо мураббиёни худ тамрин мекунанд.

Варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Рио-2016 дар чор риштаи варзиш – бокс, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ рақобат хоҳанд кард.

Гурзандози машҳур

 Дилшод Назаров

 парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки 5 август дар варзишгоҳи “Маракана”-и Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад, интихоб шудааст. Олимпиадаи навбатӣ барои Дилшод Назаров чорумин ба шумор меравад.

Ба иттилои

Баҳрулло Раҷабалиев,

дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки раҳбари ҳайати варзишии кишвар мебошад, рӯзи 1 август дар Деҳаи олимпӣ маросими барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 5-ум то 21-уми август баргузор мешаванд. Мусобиқот аз рӯи футбол, инчунин дар шаҳрҳои дигари ин кишвар – Белу-Оризонти, Бразилиа, Салвадор ва Сан-Паулу барпо мегардад.

Ёдрас мекунем, ки варзишгарони тоҷик барои ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ рӯзи панҷшанбеи 28-уми июл

ба Бразилия раҳсипор шуда буданд.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон аз 23 нафар иборат аст, ки 7 нафари онҳо варзишгарон ва 16 нафари дигар мураббиёну роҳбарони бархе аз федератсияҳои миллии варзишӣ ва ашхоси расмӣ мебошанд.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио