И.Қосимзода: Дар марги зан ва 4 духтари ӯ дар Норак ҳамсараш гунаҳкор аст

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар даст ба худкушӣ задани сокини шаҳри Норак Зуҳро Маҳмадёрова, ки бо 4 нафар кӯдакони хурдсолаш худро ба дарё партофта буд, ҳамсараш гунаҳкор аст. Дар робита ба ин ҳодисаи ҳамин зимистон рухдода Идигул Қосимзода дар нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки […]



Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар даст ба худкушӣ задани сокини шаҳри Норак Зуҳро Маҳмадёрова, ки бо 4 нафар кӯдакони хурдсолаш худро ба дарё партофта буд, ҳамсараш гунаҳкор аст.

Дар робита ба ин

ҳодисаи ҳамин зимистон рухдода

Идигул Қосимзода дар нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки Зуҳро Маҳмадёроваи 24-сола барои танҳо духтар таваллуд карданаш мудом зери таънаи шавҳараш қарор доштааст, ки ин ҳолат ба фоҷеа боис гардидааст. «Шавҳараш баъдан ба ман гуфт, ки шӯхӣ кардааст, вале тавре мебинед, зиндагӣ шӯхӣ нест», – иброз дошт ӯ.

Раиси Кумита аз бетарафӣ ва бепарвоии атрофиён, ки то ҳодиса Зуҳроро дар пул дидаанду вале касе ӯро аз ин роҳ барнагардонидааст, нигаронӣ изҳор намуд. «Ман дар ҷойи ҳодиса будам ва муддати 10 дақиқае, ки он ҷо истодам, аз наздам қариб 100 автомашина гузашт ва ин ҳам дар ҳолест, ки Зуҳро 2,5 соат дар он пул истода буд», – қайд кард номбурда.

Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 5 феврали соли равон сокини деҳаи Дӯстии шаҳри Норак Зуҳро Маҳмадёроваи 25-сола бо 4 духтараш худро аз болои пул ба дарёи Вахш партофт. Ҳамаи онҳо ғарқ шуда, ҷасадҳои модару духтаронаш – дугоникҳо Кибриё ва Хадича, Маърифати 5-сола ва Рафоати 4-соларо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дарёфта, ба кормандони милитсия супурдаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.