Таъини роҳбари нави маркази матбуоти ВКД



Масъули барномаи телевизионии «Сипар» майори милитсия Нусратулло Саидов роҳбари нави маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон таъин шуд.

Бино ба иттилои як манбаъ аз ВКД ҶТ, майор Саидов то таъин шудан ба ин вазифа, ба ҳайси муовини роҳбари маркази матбуотӣ фаъолият мекард.

Бо фармони вазири корҳои дохилӣ собиқ роҳбари маркази матбуоти ВКД Ҷалолиддин Садриддинов муовини сардори Раёсати нозироти ташкилии вазорат таъин шуд.

spot_imgspot_img

Популярное