Роҳҳои нави пулакӣ дар Тоҷикистон алҳол пешбинӣ нашудаанд

– Ояндаи наздик дар Тоҷикистон роҳҳои нави пулакӣ дар назар дошта нашудаанд, аммо сохтмону мавриди истифода қарор додани чунин роҳҳо яке аз воситаҳои ҷалби сармоя ба бахши сохтмони роҳҳо аст, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода. Ба қавли ӯ, агар минбаъд сармоягузорон чунин лоиҳаҳоро пешниҳод намоянду он қобили қабул бошад, лоиҳаҳо […]



– Ояндаи наздик дар Тоҷикистон роҳҳои нави пулакӣ дар назар дошта нашудаанд, аммо сохтмону мавриди истифода қарор додани чунин роҳҳо яке аз воситаҳои ҷалби сармоя ба бахши сохтмони роҳҳо аст, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода.

Ба қавли ӯ, агар минбаъд сармоягузорон чунин лоиҳаҳоро пешниҳод намоянду он қобили қабул бошад, лоиҳаҳо дар ин самт амалӣ хоҳанд шуд.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон чунин пешниҳодҳо мавҷуд нестанд ва мутаносибан ояндаи наздик дар қаламрави Тоҷикистон роҳҳои нави пулакӣ пайдо намешаванд.

Мебояд гуфт, соли ҳафтум аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон роҳи мошингарди пулакии Душанбе – Чанок амал мекунад, ки қисмати марказии кишварро бо шимоли он пайваст месозад.

Ин роҳ аз ҳисоби қарзи Чин дар ҳаҷми қариб 300 млн. доллари ИМА таъмиру азнавсозӣ шуда, моҳи апрели соли 2010 бар асоси шарномаи конссессионӣ ба муҳлати 10 сол ба ихтиёр ширкати Innovative Road Solutions дода шуд.

Мутобиқи шартҳои консессия, ширкати мазкур ба ҷуз андози иҷтимоӣ, дигар аз пардохти ҳама гуна навъи андозҳо озод аст. Ҳамчунин ин ширкат, ки ба ҷамъоварии маблағ барои гузаштан аз роҳи мошингарди Душанбе – Чанок машғул аст, қарзи ҷалбшудаи Чин барои азнавсозии роҳро пардохт намекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.