Қарзи «Барқи тоҷик» қариб ба 12 млрд. сомонӣ расид



Ҳаҷми қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» қариб ба 12 млрд. сомонӣ расида, 10 млрд. сомонӣ аз он ба қарз назди Вазорати молия рост меояд, ки барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши электроэнергетика ҷалб шудаанд.

Сардори Сарааёсати молияи ширкати «Барқи тоҷик» Рустам Маҷидов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки ин қарзҳо дарозмуҳлат буда, муҳлати пардохташон 25 солро ташкил медиҳад ва масъалаи бозбинӣ (реструктуризатсия)-и онҳо айни замон дар сатҳи ҳукумат баррасӣ мешавад.

Ба гуфтаи Р.Маҷидов, ҳаҷми умумиии қарзҳои кӯтоҳмуҳлати ширкат ба ҳудуди 2 млрд. сомонӣ расида, шират аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» – 627,2 млн. ва нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» –  наздики 410 млн. сомонӣ қарздор аст.

«Пардохти қарзҳо ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мувофиқи ҷадвали баимзорасида амалӣ шуда, давоми нимсолаи аввал дар ҳаҷми 103,5 млн. сомонӣ қарзи ин нерӯгоҳ пардохта шуд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки ҷиҳати бозбинии қарзҳо назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ширкат ба ҷониби Эрон муроҷиат карда, ин масъала рӯзҳои наздик дар ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Эрон баррасӣ мешавад. 

spot_imgspot_img

Популярное