Кормандони Раёсати Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фурӯши як миқдор симобро пешгирӣ намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, дар қаламрави шаҳри Қӯрғонтеппа сокини маҳаллӣ боздошт шудааст, ки як миқдор симоб бо вазни умумии 954 граммро фурӯхтанӣ будааст.
Гуфта мешавад, ҳангоми пурсиш маълум гардидааст, ки боздоштшуда маводи хатарнок барои муҳити зистро аз сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дастрас намуда, азм доштаанд, ки онро ба маблағи 15 000 доллари амрикоӣ ба фурӯш бароранд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далели мазкур дар прокуратураи вилояти Хатлон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.





