Ғалабаи нахусти муштзани тоҷик дар Олимпиадаи Рио

Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнсов дар нахустин даври интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия бар варзишгари Чин Ҷун Шан бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Ҷун Шан барои Анвар Юнусов ошност. Имсол ҳарду бо […]

ASIA-Plus



Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнсов дар нахустин даври интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия бар варзишгари Чин Ҷун Шан бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Ҷун Шан барои Анвар Юнусов ошност. Имсол ҳарду бо ҳам дар вазни то 60 килограмм ду бор рақобат карда буданд. Қувваозмоии аввал дар мусобиқоти интихобии олимпии қораи Осиё дар Чин бо пирӯзии Ҷун Шан хотима ёфтааст.

Дар мусобиқоти ҷаҳонии олимпӣ, ки моҳи июн дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – баргузор шуд, Анвар Юнусов қасоси бохтро гирифт.

Қувваозмоии севуми ҳарду дар Олимпиадаи Рио 6-уми август соати 18:15 ба вақти маҳаллӣ (соати 02:15 шаби 7-уми август ба вақти Душанбе) баргузор шуд.

Зимнан, Анвар Юнусов дар байни варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ширкат мекунанд, аввалин шуда ба мусобиқа шуруъ кард ва пирӯзӣ ба даст овард.

Рақиби Анвар дар даври баъдӣ, ки рӯзи 9-уми август соати 12:20 ба вақти маҳаллӣ (соати 20:20 ба вақти Душанбе) доир хоҳад шуд, муштзани маъруфи бразилӣ Робсон Консеикао мешавад. Бар асоси қуръакашӣ вай бидуни даври аввал ба даври дувум роҳ ёфтааст.

Робсон барандаи медали нуқра (соли 2013, Алматии Қазоқистон) ва медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон (2015, Доҳаи Қатар) мебошад.

Муштзани маъруф Анвар Юнусови 29-сола, ки Тоҷикистонро барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ мекунад, мақсад дорад ба Ватан бо медал баргардад.

Дар ҳоли ҳозир ӯ дар шаҳри Рио-де-Жанейро бо раҳбарии мураббиаш Аббос Неъматуллоев дар Деҳаи олимпӣ тамрин карда, ба қувваозмоии дувумаш омодагӣ мебинад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио