Чанд рӯз пеш аз таҷлили ҷашни яке аз идҳои асосии мусалмонон – Ид Ал-Фитр (Иди Рамазон), ки бо он рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф ба итмом мерасад, дар бозорҳои шаҳри Душанбе нарху наво ба маҳсулоти кишоварзӣ боло рафт. Арзиши баъзе аз маҳсулот ду баробар афзуд.
Болоравии нарху наворо дар муқоисаи инфографикаи «Азия-Плюс» манзуратон мегардонем.