Кормандони милитсия марди сокини 26-солаи ноҳияи Рӯдакиро ба гумони даст доштан дар қатли хоҳари хурдии ҳамсараш боздошт намуданд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда рӯзи 7 август ба шаҳри Қӯрғонтеппа омада, тахминан соати 21:30-дақиқа дар лаби канали обгузари “Ҷайҳун” бо хоҳари 17-солаи ҳамсараш, сокини ҳамин шаҳр вомехӯрад.
«Сипас бо ӯ алоқаи ҷинсӣ карда, бо корди дасташ ба гулӯ ва дигар узвҳои баданаш 6-7 маротиба зарба задааст. Пас аз анҷом додани кирдори бераҳмона номбурда ҷасадро ба канали обгузари “Ҷайҳун” партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст», – омадааст дар хабари ВКД.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.





